Дар сомонаи расмии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергеткии назди президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, комиссияи тендерӣ иштирокчиёни имконпазирро баҳри изҳори манфиат оид ба тарҳрезӣ, хариди таҷҳизоту маҳсулот ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» даъват мекунад.
Зикр мегардад, ки сохтмони иншоот дар доираи чор қарордоди асосӣ нимаи дуюми соли 2016 оғоз гардида, анҷоми сохтмони нерӯгоҳ соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» бо истинод ба иттилоия дар бораи озмун, сохтмонро ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ҷалби маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо низ имконпазир аст ва ширкатҳои довталаб метавонанд, то рӯзи 10 март аз нияти худ барои иштирок дар озмун хабар дода ва аризаҳояшонро то 31 март ба Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Дар торнамои радио қайд мешавад, ки айни замон консорсиуми иборат аз ширкатҳои “Трактебл Инжинеринг”, “Коин энд Белле”-и Фаронса, “Электроконсалт”-и Итолиё ба ҷамъияти саҳомии “Роғун” кумакҳои фаннӣ мерасонанд. Як шарти озмун ин будааст, ки ширкатҳои довталаб, манбаи сармоягузорӣ ва гирифтани қарз барои сохтмони Роғунро ҳам пешниҳод намоянд ва мумкин аст, дар озмун таҷриба дар ин соҳаро ба инобат бигиранд.
Гуфта мешавад, қарор аст, дар чаҳорчӯби озмун, чаҳор қарордод бо ширкатҳои довталаб имзо шавад: аввал хариду ба истифода додани чаҳор агрегати нерӯгоҳ, бунёди сарбанд, бунёди туннелу обпартоҳо дар соҳили чап ва сохтмони толори мошинҳо ва дигар иншоот дар соҳили рости нерӯгоҳ.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло ин озмун пешакист ва дар он ширкатҳои ботаҷрибае интихоб шуда, сипас дар озмуни асосӣ иштирок мекунанд. Раванди интихоб то ду моҳ ва то охири моҳи апрел идома мекунад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста