Рӯзи 27 феврали соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки ба ҳайси сарвари Миссияи нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овард, баргузор гардид.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи Иттиҳодро мавриди муҳокима қарор доданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста