Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов изҳор намуд, ки аз натиҷаҳои интихобот ба парлумон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом шикоят бурданист.

Ба гуфтаи ӯ, интихобот дар Конибодом таҳти корбурди мақомоти ҳокимияти давлатӣ сурат гирифта, то ҳол натиҷаҳои он эълон нашудаанд.

«Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, баъди ҳисобу китоби овозҳои интихобкунандагон, комиссияи маҳаллӣ уҳдадор аст, ки натиҷаҳои онро дар ҷойи намоён  овехта, ба мардум пешниҳод кунад, вале ин кор то ҳанӯз иҷро нашудааст. Ман кӯшиш кардам, ки бо раиси ҳавзаи интихоботӣ тамос гирам, вале ӯ дар Хуҷанд қарор дорад, то ки ба ҳукумати вилоят ҳисобот диҳад. Ҳукуматдорон огаҳ нестанд, ки раисони комиссияҳои интихоботӣ танҳо назди КМИР ҳисобот медиҳанд, на ба онҳо», - қайд кард Ҳакимов.

Номбурда таъкид дошт, ки тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, ба ӯ касби ҳудуди 10%-и раъйҳо ва ба рақиби асосиаш аз ҲХДТ, полковники милиса Равшан Раҷабов ба даст овардани ҳудуди 70%-и овозҳои интихобкунандагонро нисбат медиҳанд.