Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо якчанд идораю корхонаҳо иҷозатномаи анҷоми муомилоти хариду фурӯш бо асъори хориҷиро дошта, хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд.

Дар посух ба саволҳои хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита изҳор доштаанд, ки асъори хориҷиро метавон зимни муомилот дар нуқтаи хизматрасонии консулӣ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ истифода бурд.

«Дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклухту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад», - посух додаанд дар бонк.

Гуфта мешавад, «мутаассифона, имрӯзҳо баъзан бо асъори хориҷӣ муқаррар кардан, гуфтан, таблиғ кардани нархи молу мавод, хизматрасонӣ ва ҳамчун воситаи пардохт пешниҳод кардани асъори хориҷӣ аз ҷониби иштирокчиёни хариду фурӯши амвол ва хизматрасонӣ ҷой дорад, ки ин амал бар хилофи қонун аст ва муҷозоти сангин дорад».

«Аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя накардани ин талабот ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноӣ ҳисобида шуда, тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», - шарҳ медиҳанд дар БМТ.