Ду намояндаи ҲХДТ, генерал Тоҳир Ҷобирзода аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-27 ва генерал Анвар Тағоймуродов аз ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуданд.
Тавре раиси ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар-27 Амриддин Иброҳимов хабар дод, дар ин ҳавза ба ҷонибдории собиқ муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Ҷобирзода 85%-и интихобкунадагон раъй дода, рақиби ӯ - номзади худпешбаришуда соҳибкор Маъруфҷон Рӯзибоев - 10,9%-и овозҳоро касб кардааст.
Бино ба иттилои раиси ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа-26 Амон Шаймонов, дар ҳавзаи мазкур бо касби 77,2%-и овозҳо номзади ҲХДТ, собиқи сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал Анвар Тағоймуродов пирӯзӣ ба даст оварда, ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ - 6,3% ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 14,1%-и интихобкунандагон раъй додаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста