Таҳияи созишномаҳои молӣ ва сермиллии лоиҳаи CASA-1000 барои давраи аввал, ки ба амалиёт бо барқ ва интиқоли он марбут аст, ба итмом мерасад.
Дар сомонаи расмии лоиҳа дар ин робита зикр мегардад, ки аз ин ба баъд марҳилаи сохтмон оғоз мегардад. «Ба ширкати ECODIT LLC. – паймонкори асосии Лоиҳаи USAID Energy Links, ки Котиботи CASA-1000-ро аз лиҳози техникӣ ва молӣ дастгирӣ мекунад, барои ивази Директори амалкунандаи иҷроияи Котибот дар марҳилаи сохтмон мутахассиси соҳибтаҷриба талаб карда мешавад», -гқайд мегардад дар иттилои сомона.
Шарҳ дода мешавад, ки ин вазифаи зинаи болоӣ дар бахши электроэнергетика аст, ки тамоми лоиҳаи сермиллӣ оид ба интиқоли нерӯи барқро роҳбарӣ мекунад ва баъди шурӯъи сохтмон вазифаи асосии Директори иҷроияи Котибот аз идоракунии ҷараёни сохтмони хат ва иншооти интиқоли барқ иборат хоҳад буд. «Аз ин рӯ, номзад ба ин вазифа аз таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи сохтмони хатти интиқоли барқ бояд бархӯрдор бошад», - омадааст дар хабари сомонаи лоиҳа.
Даҳаи сеюми моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад. Бевосита оғоз гардидани корҳои амалисозии лоиҳа моҳи июни соли равон дар назар аст.




Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста