Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ба амалисозии лоиҳаи «Мусоидат ба рушди ниҳодии ВКХ ҶТ - марҳидаи IV» оғоз мекунанд. Маросими имзои лоиҳа имрӯз дар Душанбе доир гардид.
Лоиҳаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур БРСММ 200 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Лоиҳа аз ҷониби ВКХ ҶТ дар ҳамдастӣ бо БРСММ амалӣ мешавад.
Зимни суханронӣ дар маросими мазкур С.Аслов қайд кард, ки лоиҳа дар доираи афзалиятҳои миллии Тоҷикистон таҳия шуда, ба дастовардҳои марҳилахои қаблӣ асос ёфтааст. «Ҳадафи аслии лоиҳа мусоидат ба таҳкими имконоти ниҳодии ВКХ ҶТ дар амалисозии сиёсати пурсамари хориҷии кишвар аст», - иброз дошт ӯ.
Вазир таъкид дошт, ки лоиҳа баҳри мусоидат ба беҳбуди сатҳи касбии дипломатҳои ҷавони тоҷик нигаронида шуда, дар доираи амалисозии он зиёда аз 70 нафар кормандони Вазорат бо давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлати такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд.




Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста