Дар ҳеҷ кадоме аз 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ, ки барои интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ташкил шуда буданд, даври дуюми интихобот доир намегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамаи ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ғолибон дар даври аввали интихобот, ки санаи 1 март баргузор шуд, муайян гардиданд. «Имрӯз КМИР ҳайати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷумро эълон мекунад», - иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи парлумонии соли 2010 танҳо дар ҳавзаи интихоботии Конибодом даври дуюми интихобот баргузор шуда буд. Он замон ҳеҷ кадоме аз номзадҳо беш аз 50%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст наоварда буд.