Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ояндаи наздик ният дорад, ки бо иштироки ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, намояндагони ҳукумат, зиёиён, аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон ва аҳли ҷомеа оид ба баррасии масъалаи марбут ба мавҷудияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистон мизи гирд барпо кунад.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мизи гирди мазкур ҷанбаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва ҳамчунин паҳлӯҳои бехатарии мавҷудияти чунин ҳизб дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.
«Баҳсҳо сари ин масъала, аслан ғайриҳирфаӣ дар кӯчаву бозорҳо сурат гирифта, метавонанд ба ҷудоиандозӣ дар ҷомеа оварда расонанд», - қайд кард Кабирӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар кори мизи гирд ҲНИТ ба шунидани пешниҳоду андешаҳои солим ва беғаразонаи ҳама гуна гурӯҳ оид ба масъалаи мавҷудият ё аз байн бурдани ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон омода аст.
«Дар маъракаи пешазинтихоботӣ оид ба ин масъала хеле зиёд аҳолии кишвар, сар аз академик то соҳибхоназан андешаҳои худро иброз доштанд ва мо ба иштироки онҳо дар кори мизи гирд умедворем», - афзуд раиси ҲНИТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста