Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе миёни Ташкилоти ғизо ва кишоварзӣ (ФАО), Вазорати кишоварзии ҶТ ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Созишномаи дар бораи амалисозии лоиҳаи нави «Дастгирии фаъолияти ҳаётӣ дар Хатлон» ба имзо расид.

Тавре аз намояндагии ФАО дар ҶТ иттилоъ доданд, Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ба ФАО дар амалисозии ин лоиҳа маблағ ҷудо намуда, ҳаҷми умумии хизматгузориҳои пешниҳодмешуда беш аз 638 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Лоиҳаи мазкур тариқи афзоиши даромаднокӣ, пешниҳоди технологияҳо ва маблағгузории беҳтар дар соҳаи кишоварзӣ, кумак ба 1,5 ҳазор хонаводаҳои деҳотро фаро гирифта, дар 30 деҳаи ноҳияҳои Муъминобод ва Шӯроободи вилояти Хатлон амалӣ мегардад», - гуфтанд дар намояндагӣ.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи амалисозии лоиҳа табодули таҷриба бо шарикон, сафарҳои байнулмилалӣ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти фермерони муваффақ ва пажӯҳишгоҳҳо, машғулиятҳо оид ба пешбурди низомҳои гуногуни деҳқонӣ ва беҳбуди шароити чарогоҳҳо, ҳамчунин омӯзиши 28 нафар байторон ва таъмини онҳо бо нақлиёту таҷҳизоти зарурӣ дар назар аст.