Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯӣ мекунад, ки дар муқоиса бо соли гузашта соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон бо доллари ИМА тақрибан 30% коҳиш меёбад.
Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Айдин Биболов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамин тариқ, соли равон сустшавии рушди иқтисод ва фишор болои сомониро метавон интизор шуд, ки имрӯз мо онро мушоҳида дорем.
Номбурда таъкид дошт, ки интиқоли маблағҳои пулӣ қисмати муҳими иқтисоди Тоҷикистон мебошанд ва аҳолиро аз нигоҳи харидории молу хизматгузориҳо ба таври назаррас дастгирӣ намуда, ба ин васила ММД афзоиш меёбад ва онҳо ҳамчунин сарчашмаи асосии воридоти асъор ба кишваранд.
«Коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ ба тамоми омилҳои номбаршуда таъсири манфӣ мерасонад. Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ дар соли 2014 ба поинравии рушди иқтисод ва афзоиши камбуди ҳисобҳои ҷорӣ боис гардид», - гуфт ӯ.
Ба андешаи А.Билолов, коҳиши назарраси ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ва ҳамчунин кам шудани ҷолибияти кор дар Русия ба афзоиши шумори муҳоҷироне, ки дар кишвар боқӣ мемонанд, боис шуда метавонад.
«Ҳамчунин вазъи оилаҳои рӯзгорашон марбут ба ин маблағҳо бад мешавад. Барои кумак ба онҳо ҳукуматро лозим аст, ки оид ба кор таъмин кардан ва кумаки иҷтимоии унвонӣ ба онҳо тадбир биандешад ва то ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, ҳукумат рӯйи ин масъала бо шарикон оид ба рушд кор мекунад».
Намояндаи ХБА ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки дар давраи буҳрони кунунӣ «амонатҳои худро бо ҳамон асъору дар шакле нигоҳ доранд, ки ба талаботи ҷорӣ ва оянда мутобиқат кунанд».
«Дар давраи дарозмуҳлат ислоҳоти сохтории ба беҳбуди фазои корӣ равонашуда, беҳтар кардани ҷолибияти он барои сармоягузорон, афзоиши рақобатпазирии иқтисод ва дар ниҳояти кор фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ сатҳи афзоишро метавонанд бештар мутавозин созанд ва вобастагии кишвар аз омилҳои берунаро коҳиш диҳанд. ХБА тариқи машваратҳо оид ба масоили иқтисодиву кумакҳои техникӣ ба дастгирии Тоҷикистон идома медиҳад ва дар сурати зарурат ва омодагӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ, тавассути роҳандозии барномаи нав низ кумак карда метавонад», - афзуд А.Билолов.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба ҳудуди 45%-и ҳаҷми ММД-и кишвар дар соли 2014 (тақрибан 8,6 млрд. $) баробар аст.
Дар муқоиса бо соли 2013 соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ 8,3% ё худ қариб 300 млн. доллари ИМА кам шуд. Соли 2013 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар ҳудуди 4,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.
Дар БМТ сабабҳои коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ дар соли 2014-ро ба «поинравии бесобиқаи нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, таҳримҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳои Ғарб алайҳи Русия нисбат медиҳанд, ки дар робита ба онҳо суръати рушди иқтисод дар Русия поин рафта, ҷойҳои корӣ низ кам шуданд ва қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА ба таври назаррас поин рафт».
Бино ба маълумоти БМТ, соли 2014 аз ҳаҷми умумии маблағҳои интиқолёфта ба кишвар 89,1% бо рубли русӣ, 10,8% бо доллари ИМА ва ҳамагӣ 0,1% бо евро интиқол дода шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста