Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҷаноби Фан Ван Фао баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, зимни мулоқот, сафир ҳадафи асосии талошу кӯшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама дар самти таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки тамоми саъю нерӯи худро дар бахши тақвияти равобити соҳаи саноат ва технологияҳои нав равона хоҳад кард.
Гуфта мешавад, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба соҳаҳои саноат, бахусус соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани захираҳои зиёди ашёи хом ибрози назар намуда, роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самтҳои зикргардидаро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати тарафайн хоҳад буд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста