Сессияи 4-ми омӯзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. - Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуқтаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 24 то 26-ми марти соли 2015 дар конфронс-зали АМФОТ (куч. Фируз 14) ш. Душанбе баргузор мегардад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар чорчӯбаи сессияҳои мазкур сафари омӯзишӣ бо иштирокчиён ба корхонаи тҷљрибавии « Аква Ҷус» ташкил карда мешавад.
Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва Иттиҳоди ҷамъиятии муассисаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Осиёи Миёна – Инвест III баргузор мегардад.
Ин лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст.
Дар чорчӯбаи ин лоиҳа барои омӯзгорон омўзиши серӯза дар муддати соли ҷорӣ (ҳар семоҳа) гузаронида мешаванд.
Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони сектори хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ, ва роҳбарони ассосиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста