Сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд, вале алҳол бозори коғазҳои қиматнок дар кишвар ба таври бояду шояд рушд наёфтааст, то ки ба шаҳрвандон барои ба амонат гузоштани воситаҳои худ ба хизматгузориҳои гуногуни молиявӣ, аз қабили саҳмияҳову облигатсияҳо ва дигар навъҳои коғазҳои қиматнок шароиту имкони мусоид фароҳам оварда шавад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ҳамдастӣ бо сохторҳои дигари марбута, аз ҷумла Вазорати молия дар ин самт иқдомҳои мушаххас роҳандозӣ шуда, ояндаи наздик ташкили бозори мустақили коғазҳои қиматнок дар назар аст.

«Дар сурати мавҷуд будани бозори дохилии коғазҳои қиматнок шаҳрвандони кишвар воситаҳои худро ба асъори хориҷӣ намегузоранд, ки ин ба рушди иқтисоди кишварҳои дигар мусоидат мекунад», - гуфтанд дар БМТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар сурати бо доллари ИМА нигаҳдории воситаҳои худ, ба рушди иқтисоди ИМА кумак расонида шуда, бо харидории коғазҳои қиматноки корхонаву иттиҳодияҳои ватанӣ ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ мешавад ва фоида ҳам аз ин ба даст оварда мешавад.