Дар Тоҷикистон тадбирҳои мубориза бо ғайриқонунӣ анҷом додани муомилоти хариду фурӯши молу хизматгузорӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр карда мешаванд.
Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар бораи ошкор кардани далелҳои хариду фурӯши молҳо бо асъори хориҷӣ хабарҳои зиёд интишор мекунанд. Дар маълумоти ҳамарӯзаи ВКД перомуни боздошти қонуншиканон дар бахши қонунгузории асъор ва боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ нисбати онҳо сухан меравад.
Доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки тадбирҳои имрӯз андешидаи ҳукумат барои «ба таври сунъӣ нигоҳ доштани қурби арзи миллӣ нисбати асъори хориҷӣ ояндадор нестанд, ҳарчанд ин меъёрҳо кайҳо ҳам дар қонунгузории соҳавӣ ва ҳам дар Кодекси ҷиноии кишвар ҷой доранд».
Ҳуқуқшинос таъкид дошт, ки бинобар сабаби сиёсати камсамари иқтисодӣ, коррупсия ва дигар падидаҳои манфӣ, ҳадафҳои стратегии аз ҷониби ҳукумати изҳоршуда ба даст наомаданд. «Аз ин рӯ, қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА босуръат поин рафт. Албатта, ин ҷо омилҳои беруна, аз ҷумла мушкилоти муносибатҳои Русия бо кишварҳои Ғарб дар робита ба вазъ дар Украина низ таъсир мерасонанд», - гуфт ӯ.
Ба андешаи Ш.Ҳакимов, то замоне, ки бахши воқеъии иқтисод ба кор надарояд, қурби сомониро нигоҳ доштан ғайриимкон аст. «Ин тадбирҳо моҳиятан ояндае надоранд, чунки дар ҷумҳурӣ бахши истеҳсолӣ фаъол нест ва тавозуни содирот нисбати воридот ба таври қобили мулоҳиза ба нафъи Тоҷикистон нест», - таъкид дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки ҳукуматдорон имрӯз ба назорати вазъ дар бозори асъори кишвар қодир нестанд. «Ҳолатҳои ҷудогонаи боздошти қонуншиканон дар ин самт барои амалисозии моддаи дахлдори Кодекси ҷиноӣ сурат мегиранд», - афзуд ӯ.
Аввали моҳи март Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита изҳор намуда буд, ки имрӯз дар Тоҷикистон танҳо якчанд идораю корхонаҳо иҷозатномаи анҷоми муомилоти хариду фурӯш бо асъори хориҷиро дошта, хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин ахири ҳафтаи гузашта зикр гардида буд , ки бинобар сабаби бетартибиҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 13 март ба фурӯши мустақими асъор ба аҳолӣ хотима мебахшад. Акнун ворид кардани асъори иловагӣ ба бозор тариқи бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста