Имрӯз Раёсати директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағи грантиро дар ҳаҷми 13,50 миллион доллари ИМА ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи Хазинаи рушди хизматрасониҳои коммуналӣ дар Тоҷикистон, ки ба беҳсозии хадамоти асосии коммуналӣ барои аҳолӣ нигаронида шудааст, ба тасвиб расонид.
Дар иттилоияи расмии БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки лоиҳа ба сармоягузориҳо ва ислоҳоти дар гузашта дар бахши коммуналӣ амалишуда, ки зиёда аз як миллион аҳолии шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои миёнаҳаҷм аз он баҳра бурданд, такя мекунад.
“Ниёзҳои инфрасохтори мунисипалии шаҳрҳои миёнаҳаҷм дар Тоҷикистон назаррас буда 80 фоизи инфрасохтор барқарорсозиро тақозо мекунад,” - мегӯяд Патрисия Виверз-Картер, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. - Аҳолии шаҳрҳои мазкур аз лоиҳаи нав баҳра мебаранд, аз он ҷумла мардуми камбизоат, ки барои онҳо хизматрасонии обтаъминкунӣ, беҳдошт дар ҷои истиқомат ва идоракунии партовҳои сахт, чароғонкунии кӯчаҳо ва нигоҳдории роҳҳо беҳтар мегардад. Ғайр аз ин, бо дарназардошти талаботи калон ба маблағгузорӣ, тавассути лоиҳа Хазинаи рушди хизматрасонии коммуналӣ ташкил карда шуда бо мақсади дастгирии барномаи устувори сармоягузорӣ дар бахши коммуналӣ захираҳои миллӣ ва донорҳо ҷалб карда мешаванд.”
Лоиҳаи Хазинаи рушди хизматрасониҳои коммуналӣ гузаронидани корҳои беҳсозӣ дар инфрасохтори мунисипалӣ ва коммуналиро дастгирӣ намуда иқтидори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои хизматрасонро дар беҳсозии хизматрасонӣ барои аҳолии маҳаллӣ, тақвият мебахшад. Ба ин хизматрасониҳо таъмини оби тозаи нӯшиданӣ, беҳдошт, идоракунии партовҳои сахт, чароғонкунии кӯчаҳо ва нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дохил мешаванд.
Зиёда аз 100,000 нафар аҳолӣ аз сармоягузорӣ ба инфрасохтори моддӣ дар ноҳияҳои Ҳисор, Конибодом, Данғара, Сарбанд, Восе ва Фархор баҳра мебаранд. Ғайр аз ин, лоиҳа дараҷаи самаранокии мақомоти шаҳр ва корхонаҳои маҳаллии хизматрасонро ба таври зайл баланд мебардорад: дастгирӣ дар таҳия намудани нақшаҳои маҳаллии сармоягузорӣ, идоракунии иншооти коммуналӣ, беҳсозии раванди пешниҳоди ҳисоб ва ҷамъоварии маблағ ва ҷалби аҳолӣ ба идоракунӣ ва нигоҳдории иншооти ба он сармоягузоридашуда.
Бахши муҳимми лоиҳа дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмондиҳии Хазинаи рушди хизматрасониҳои коммуналӣ ба ҳисоб меравад ва он механизмест, ки захираҳои миллӣ ва донорҳоро ҷиҳати маблағгузории самарабахш ва дарозмуддат ва хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ ба ҳам меорад. Лоиҳа дар давоми чор сол аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” амалӣ хоҳад шуд.
Ғайр аз ин лоиҳаи нав, фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар бахши коммуналии Тоҷикистон ду лоиҳаи ҷориро дар бар мегирад – Лоиҳаи дуввуми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи рушди инфрасохтори мунисипалӣ, ки тавассути татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба ҳалли мушкилоти соҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва идоракунии партовҳои сахт равона шудаанд.
Сандуқи фаъоли Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 21 лоиҳа иборат аст, ки маблағи умумии онҳо $283,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бузургтарини сандуқ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд (24 фоиз), баъди он рушди шаҳр ва деҳот (21 фоиз), нақлиёт (16 фоиз), идоракунӣ ва сиёсати иқтисодӣ (9 фоиз), муҳити зист ва захираҳои табиӣ (7 фоиз), маориф (6 фоиз), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (6 фоиз), обтаъминкунӣ (6 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва ҳифзи иҷтимои ва меҳнат (1 фоиз) қарор ёфтаанд. Аз соли 1996 инҷониб, Бонки ҷаҳонӣ зиёда аз $1 миллиард доллари ИМА-ро дар шакли грант ва қарзҳои имтиёзнок тавассути Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва захираҳои фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирии Тоҷикистон омодаа аст, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда талаботҳои аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста