Сарфи назар аз поинравии назарраси нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, соли равон содироти он аз Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми ду моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 20 ҳазор тонна нахи пахта (ду моҳи аввали соли 2014 – каме бештар аз 16 ҳазор тонна) содирот шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 24% зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ICAC (Кумитаи байнулмилалии машваратӣ оид ба пахта), тайи соли ахир нархи пахта 24% коҳиш ёфта, дар ин робита тӯли моҳҳои январ-феврали соли равон Тоҷикистон аз фурӯши нахи пахта ҳамагӣ 26 млн. доллари ИМА даромад ба даст овардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2014 ба миқдори 7,5% камтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар соли 2012 – 144 ҳазор тонна, соли 2013 – 114,5 ҳазор тонна ва соли 2014 – ҳамагӣ ҳудуди 87 ҳазор тонна нахи пахта содирот гардидааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, соли 2014 дар Тоҷикистон пунбадона дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар кишт шуда, дар маҷмӯъ наздики 373 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5,1% камтар аст.
Соли гузашта майдони кишти пунбадона дар кишвар тақрибан 14 ҳазор гектар кам шуд. Аз пахтакорӣ даст кашидани фермеронро дар Вазорати кишоварзӣ дар навбати аввал ба гузаштан ба кишти зироати гуногун дар бахши кишоварзӣ нисбат медиҳанд. «Дар кишти зироат кишоварзони мо озод буда, сол то сол хоҷагиҳои чорводориву паррандапарварӣ дар кишвар зиёд мешаванд ва табиист, ки қисмате аз заминҳо барои кишти зироати хӯроки чорво ва ғалладонагӣ истифода мешавад, то ки талаботи чунин хоҷагиҳо қонеъ гардонида шавад», - гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.
Ҳамчунин дар Вазорат зикр карданд, ки ҳар сол арзиши нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш меёбад, ки инро ҳам метавон яке аз сабабҳои аслии ба пахтакорӣ майл надоштани деҳқонони тоҷик унвон кард.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон танҳо он хоҷагиҳое ба киштикори пунбадона машғуланд, ки аз лиҳози моддиву молӣ аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахта ва ташкилотҳои фючерсӣ дастгирӣ мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста