Зимни кори мизи гирди имрӯза дар Бишкек узви Шӯрои нозирони Ташаббуси шаффофият дар бахши сӯзишвориву энергетикаи назди Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон, профессор Қалий Раҳимов ба мақомоти дахлдории энергетикии кишвараш истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро пешниҳод намуда, изҳор доштааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ояндаи хуб дорад.
Ба андешаи профессор, бунёди нерӯгоҳҳои хурд кори мушкиле набуда, айни замон истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт мувофиқи мақсад аст. «Дар Тоҷикистон айни замон 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта мешавад, 5-то онро Бонки исломии рушд ва 3-тояшро ҳукумат маблағгузорӣ намуда, ҳамчунин нерӯгоҳи пуриқтидори Роғун низ бунёд мегардад», - иброз доштааст ӯ.
Профессори қирғиз қайд кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ маблағ дарёфт мекунад. «Нерӯгоҳҳои хурдро дар зарфи ҳар ду-се сол метавон мавриди истифода қарор дод», - зикр кардааст номбурда.
Раҳимов гуфтааст, ӯ рӯзи 6 феврал ба Вазорати энергетка ва санаоти Қирғизистон бо масъалаи аз ҳисоби тарифҳо ҷудо кардани маблағ барои ин кор муроҷиат намудааст. «Моҳи апрел болоравии тарифҳо дар назар буд, биёед боз 10 тини дигар илова кунем, вале алҳол хомӯшему чизеро интизорем. Лекин чиро интизорем, нофаҳмо аст», - афзудааст профессор.
Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захирахои оби Тоҷикистон, аввали соли равон шумори нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар ҷумҳурӣ 318 ададро ташкил додааст. Соли гузашта дар ин нерӯгоҳҳо дар маҷмӯъ 33,4 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.
Соли 2014 дар ҷумҳурӣ 7 нерӯгоҳи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аммо аз нисф зиёди ин нерӯгоҳҳо (170 адад) дар мавсими тирамоҳу зимистон кор намекунанд. Дар Вазорат мегӯянд, чунин нерӯгоҳҳои хурд дар маконе сохта шудаанд, ки фасли тирамоҳу зимистон он ҷо барои фаъолияти нерӯгоҳҳо об кофӣ нест.




Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз дар Ӯзбекистон “Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон” оғоз мешавад
Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026
Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста