Имрӯз аз фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД) дар семоҳаи аввали соли 2015 натиҷагирӣ шуд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод,  дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввал дар ин робита қайд гардид, ки фурудгоҳи Душанбе бо 17 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ намуда дар семоҳаи аввал ба 992 адад ҳавопаймоҳои гуногунтамға хизматрасонии техникӣ кардааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2015 ба 240,574 нафар мусофир, аз ҷумла ба 126,504 нафар мусофири рафта ва 114,070 мусофири омада хизматрасонӣ карда шудааст. Рейсҳои доимӣ 1482  ададро ташкил кард. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дар семоҳаи аввали соли 2015 - 458т.827кг. ро ташкил дод.

Ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15,645,125 сомонӣ пардохт шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,208,380 сомонӣ зиёд аст. Чун ҳарвақта тариқи толорҳои VIР ва СIР  ба 3252 нафар мусофир хизматрасонӣ карда шудааст. Дар семоҳаи аввали соли 2015 оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 344 эрод ворид шудааст, аз ин миқдор 335 эрод қонеъ гардонида шуда, 9 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. 

Муколама миёни фурудгоҳ ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ паҳлӯи муҳими ҳаёти фурудгоҳ ба ҳисоб меравад. Аз миқдори умумии мактубҳои воридшуда 552 мактуб баррасӣ гардида, ба онҳо ҷавоб дода шудааст, 55 мактуб барои корбарӣ ва маълумот ва 96 мактуб таҳти баррасӣ қарор дорад.

Дар рӯзҳои сард ва боришоти барф  хати парвозу нишаст ва майдони аэродром аз барф сари вақт  тоза карда шуда, ҳолатҳои монеа шудан ба қабулу парвози тайёраҳо роҳ дода нашудааст. Ҳавопаймоҳо дар рӯзҳои сард бо моеъи махсуси зидди барфу ях коркард шуда ба парвоз омода карда мешуданд.

Майдонҳои назди фурудгоҳ сабзазор шуда, дарахтони ороишӣ, гулу буттаҳои гуногун шинонида шуданд. Инчунин бо ба истифода додани терминали нави фурудгоҳ сатҳи хизматрасонӣ ба маротиб боло рафта арзу шикояти мусофирон бобати хизматрасонӣ қариб аз байн рафт. 

Вазъи кунунии фаъолияти ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе», чун корхонаи мустақил, нишон медиҳад, ки  сарфи назар аз мушкилоти пешомада корхона фоидаовар аст, сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ тамоюли беҳбудӣ доранд, Фурудгоҳ дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд. Албатта таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ ба тамоми самтҳои  фаъолияти корхона бетаъсир нест,  ба он нигоҳ накарда фурудгоҳи Душанбе назди худ вазифа гузоштааст нақшаҳои кориро саривақт иҷро намояд.

Барои семоҳаи дуюми соли  2015 дар назар аст сохтмони терминали боркашонӣ оғоз гардад, хизматрасониҳои фурудгоҳ диверсификатсия шуда, пардохтҳо аз ҳисоби фаъолиятҳои ғайриавиатсионӣ зиёд карда шавад.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2015 Вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода иштирок намуда, зимни баромади худ қайд намуд, ки фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамчун дарвозаи кишвар бояд сатҳу сифати хизматрасониҳоро боз ҳам беҳтар намояд ва барои санҷиши навбати Комиссияи ИКАО омодагии пурра дошта бошад. Вазири нақлиёт чанд пешниҳоди муфид кард, аз ҷумла иброз намуд, ки  дар фурудгоҳ Комиссияи доимоамалкунандаи одоб таъсис дода шуда, масъалаи омодагии кадрҳои соҳа дар мадди назари аввал гузошта шавад. «Бояд миёни кишварҳои Аврупо ва Душанбе, инчунин Душанбею кишварҳои Осиё парвозҳои доимӣ ташкил карда шавад, - гуфт Шералӣ Ганҷалзода.

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар семоҳаи аввали соли 2015 якҷоя гузашт.