Кумитаи андози Тоҷикистон ба андозбандии ширкатҳое, ки ба ин ё он гунае бо минтақаҳои оффшорӣ сарукор доранд, оғоз мекунад.
Бино ба иттилои Кумтаи андози назди ҳукумати ҶТ, бо мақсади пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ нисбати ширкатҳое, ки дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, дар ширкатҳои ватанӣ ҳисса доранд ва (ё) бо ширкатҳои ватанӣ ҳамкорӣ менамоянд, дар Кодекси андоз маҳдудкуниҳои андозӣ пешбинӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин ба моддаи 17 Кодекси андоз банди 54) дар таҳрири зерин илова гардида, мафҳуми “минтақаи оффшорӣ” бо мақсадҳои андозбандӣ шарҳ дода шуд:
«Минтақаҳои оффшорӣ - давлатҳо ва (ё) ҳудуде, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиихориҷӣ) низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамояд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро доир ба амалиётҳои бо маблағ ва дигар молу мулк гузаронидашуда пешбинӣ намекунад. Барои мақсадҳои андозбандӣ номгӯи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории тероризм (Бонки миллии Тоҷикистон) муайян менамояд».
Ғайр аз ин, тибқи тағйироти ба сархати чоруми қисми 4 моддаи 23 Кодекси андоз воридгардида, тартиби андозбандӣ ва маблағи андози корхонаҳои резидентие, ки бо корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ дошта ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифташуда амалиёт (аҳд) анҷом додаанд, бо усули мустақим ё ғайримустақим, яъне дар асоси дороиҳо, муомилот, хароҷоти истеҳсолӣ, муқоиса бо андозсупорандаи шабеҳ, муоинаи хронометражӣ ва ғайра муайян карда мешавад.
Ҳамчунин, ба қисми 1 моддаи 126 маҳдудият гузошта шудааст, ки тибқи он имтиёзи озод будан аз пардохти андоз аз суди саҳмияҳое, ки корхонаҳои резидентӣ ба корхонаҳои резидентӣ мепардозанд, нисбати корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшордошта, татбиқ намегардад.
Зимнан зикр мегардад, ки тағйироту иловаи воридшуда ба Кодекси андози ҷумҳурӣ аз 1 апрел мавриди амал қарор мегиранд.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста