Тоҷикистон ба содироти то 90 МВт нерӯи барқ дар як шабонарӯз қодир буда, дар мавсими тобистон ин иқтидор то 300 МВт ва зиёда аз он мерасад.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, айни замон аҳолии Тоҷикистон комилан бо нерӯи барқ таъмин буда, аз ин рӯ, ҳудуди 85-90 МВТ нерӯи барқ шабонарӯзӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад.
Ба қавли сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик», агар солҳои пеш лимити истифодаи барқ ахири моҳи март бекор мешуд, имсол он санаи 27 феврал аз байн бардошта шуд ва ин натанҳо аз обуҳаво, балки ҳамчунин ба оғози фаъолияти маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ вобаста аст.
Н.Ёдгорӣ дар бораи айни замон чӣ миқдор талабот доштани аҳолии Тоҷикистон ба нерӯи барқ ва истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар кишвар маълумоти саҳеҳ надод.
Ӯ далелҳои дар фасли зимистон мунтазам ба Афғонистон интиқол додани нерӯи барқ аз Тоҷикистонро инкор намуда, дар ин робита зикр кард, ки мавсими зимистон ба Афғонистон танҳо «нерӯи барқи зарурӣ барои нигаҳдории кори шабакаҳои барқӣ» интиқол дода мешуд.
«Зимистон ба Афғонистон танҳо «нерӯи барқи зарурӣ барои нигаҳдории кори шабакаҳои барқӣ» то 25 МВт дар як шабонарӯз содирот мешуд. Ҳозир мо ба афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ оғоз кардем», - гуфт Ёдгорӣ ва илова намуд, ки Тоҷикистон бо нерӯи барқ шимоли Афғонистонро таъмин мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати дар мавсими тобистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ бо ин кишвари ҳамсоя гуфтушунидҳо ҷараён доранд.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста