Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1,5%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи марти имсол нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо ба андозаи 0,8% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи феврал - 0,7% ва моҳи январи соли равон -  0,2% зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар ифодаи солона 6,5%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.

Қобили зикр аст, ки сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.