Бо назардошти бойигариҳои назаррасии кӯҳии ҷумҳурӣ, афзоиши истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва маъдан яке аз стратегияҳои афзалиятноки ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқоти роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти ширкати «Ҷобири Собир», ки аз соли 2006 инҷониб фаъолият дорад, ин нукта таъкид шуда, зикр гардид, ки ширкат нақша дорад дар шаҳри Хуҷанд як коргоҳи нави худро барои коркарди санг ифтитоҳ намояд.
Гуфта мешавад, бо ин мақсад харидории таҷҳизоти муосир ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ гардида, дар коргоҳи нав 100 нафар бо кор таъмин мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, барои фаъолияти пурсамари корхона мутахассисони баландихтисос аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудаанд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мусоидат менамояд.
Зимнан зикр мегардад, ки ширкат маҳсулоти худро аз конҳои кӯҳии ноҳияи Истаравшан, Мастчоҳ ва дигар минтақаҳои вилоят то шакли нимкоркард омода намуда, баъдан дар коргоҳи дар Хуҷанд таъсис ёфта омода ва истеҳсол менамояд. Маҳсулоти асосии коргоҳро сангҳои ороишии сохтмонӣ, рӯйпӯши сангии роҳрав, сутунпояҳо, армуғонҳои хотиравӣ аз санг ташкил хоҳанд дод.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста