Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари дурӯзаи корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии ин минтақа аз наздик ошно гардид.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҷумла Азим Иброҳим бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Султони Кабир» дар ноҳияи Восеъ, комбинати шири шаҳри Кӯлоб, корхонаи коркарди сабзавоту мева ва корхонаи паррандапарварии ноҳияи Муъминобод, корхонаи нассоҷии «Адолат» ва комбинати консерви ноҳияи Фархор ва ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмони ноҳияи Ҳамадонӣ шинос шуд.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи натиҷаҳои сафар Азим Иброҳим дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раисони шаҳру навоҳии минтақа, соҳибкорони маҳаллӣ, иқтисодчиён ва намояндагони корхонаҳои зертобеъи вазорату идораҳои дахлдори кишвар дар ин минтақа машварати корӣ баргузор намуд.
Зимнан зикр гардид, ки дар машварат аз фаъолияти комплекси саноатӣ ва аграрии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қисман натиҷагирӣ шуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда дастуру вазифаҳои мушаххас дода шуданд.



Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста