Дар семоҳаи аввали соли равон ба Буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ҳудуди 230 млн. сомонӣ (тақрибан 40 млн. $) камтар маблағ ворид гардид.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 720,7 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид шудааст, ки 75,9%-и нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи нақша бошад,воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 950,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, дар таркиби воридот дар се моҳи аввал мавқеи асосиро маҳсулоти нафтӣ – 14,6% ё худ 109,5 млн. доллар;  гази моеъ 5,2 % ё худ 39,1 млн. доллар; воситаҳои нақлиёти сабукрав – 3,7% ё худ 27,9 млн. доллар; оксиди алюминӣ (глинозем)- 2,7% ё худ 20,5 млн. доллар; гандум -6,6% ё худ 49,8 млн. доллар; равғани растанӣ – 2,2% ё худ 16,6 млн. доллар; шакар – 2,1% ё худ 16 млн. доллар; орд – 1,8%; ё худ 13,5 млн. доллар; семент – 0,6% ё худ 4,8 млн. доллар ва нуриҳои минералӣ –0,5% ё худ 3,8 млн. доллар ишғол мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар таркиби маҳсулоти асосии содиротиии Тоҷикистон  алюминии аввалия – 21,1% ё худ 45,2 млн. доллар;  нахи пахта – 17,7% ё худ 37,8 млн. доллар ва маҳсулоти меваю сабзавот – 1,9% ё худ ки 4,1 млн. долларро ташкил медиҳанд.