Дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли равон ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар моҳи март тақрибан ба андозаи 22% афзуд.
Бино ба маълумоти гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон» бо такя ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи марти соли равон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон дар ҳаҷми 66,45 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1,55 млн. кВт/соат зиёдтар буда, 4,3% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшуда дар ин давраро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ чун дар моҳи январ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 55 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шуда буд.
Гуфта мешавад, дар семоҳаи аввали соли равон ба истеъмолгарони афғон аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ 176,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.
Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи марти соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 557 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи феврал 0,8% (50,6 млн. кВт/соат) камтар аст. Ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар моҳи март бошад, ба 1 млрд. 484 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи феврали соли ҷорӣ ба миқдори 9,1% зиёдтар мебошад.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста