Нимаи дуюми рӯзи 20 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими бошукӯҳи мазкур, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ҳамчунин бо иштироки узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ҷараён гирифт.
Ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ бо сахт кардани мурбати нахустин симпоя ва гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом аз ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз бахшида шуд.
Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ба дарозии 196 километр тӯл кашида, иборат аз 466 симпоя хоҳад буд. Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 550 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба амнияти энергетикии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо аз қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав-220 кв», «Ҳисор-110 кв» ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, 5 макатби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 7700 хонанда дар 2 баст аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА, ки татбиқи ин лоиҳаҳоро бар дӯш дорад, дар шаҳри Душанбе ва чанд ноҳияи дигар бо харҷи 80 миллион сомонӣ сохта мешаванд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳамчунин узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ва роҳбари ширкати чинии ТВЕА Чжан Син суханронӣ намуда, аз рушди босуботи муносиботи Тоҷикистону Чин ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ташаббуси ин кишвари бузург доир ба бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим изҳори хушҳолӣ намуданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста