Як ҳайати сершумори соҳибкорони фаронсавӣ ҷиҳати иштирок дар кори нахустин ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса ба Душанбе ташриф меоранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ рӯзи 24 апрел дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, баҳри иштирок дар кори ҳамоиш таҳти раҳбарии муовини раиси Иттиҳодияи соҳибкорони Фаронса MEDEF Филипп Готйе намояндагони 22 ширкати муваффақи Фаронса ба пойтахти Тоҷикистон меоянд.
Интизорӣ меравад, ки ҳайати фаронсавиро роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Фаронса, сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва намояндагии дипломатии Фаронса дар Афғонистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Дар кори ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони бахши хусусӣ (беш аз 50 ширкатҳои ватанӣ), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар сохторҳои манфиатдор ширкат меварзанд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Фаронса ҳамагӣ ҳудуди 9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 тақрибан 35% камтар аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо наздики 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста