Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода бо ноиби президенти (намояндаи саҳмдорон) ширкати «Зиҷин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Чен Жен Хе баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи рушди минбаъдаи ҶММ КМ «Зарафшон», ҷалб намудани сармояҳои иловагӣ, сохтмони заводи гидрометаллургӣ бо маблағи 100 млн. доллари ИМА, таъминоти корхона бо қувваи барқ ва тақсимоти дивидендҳои соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Соли 2013 дар КМ «Зарафшон» коргоҳи поксозии тило (аффинажӣ) мавриди истифода қарор гирифт. Қаблан корҳои поксозии тило аз омехтаҳои дигар дар КВД «Востокредмет» анҷом мепазируфт. Иқтидори лоиҳавии солонаи коргоҳи поксозӣ то 5 ҳазор кило тилои тоза ва истеҳсоли сиккаҳои тилоии меъёри байнулмилалии дараҷаи 999,9 бо вазни то 12,5 килоро ташкил медиҳад. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.

КМ «Зарафшон» бузургтарини корхонаи истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон мебошад. Корхона соли 1994 дар заминаи Комбинати истихроҷи тиллову маъдани Тоҷикистон бунёд гардид. То оли 2007 бастаи назоратии саҳмияҳои корхона ба ширкати бритониёии Commonwealth & British Mineral Ltd. тааллуқ дошт. Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ ва як қатор конҳои атрофи кони Ҷилав дар вилояти Суғд дастрас карда мешаванд.