Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2015-ро тақрибан 8% пешгӯӣ мекунад .
Тибқи пешгӯии Вазорат, соли равон ҳаҷми маблағи ММД ба ҳар сари аҳолӣ 6 ҳазору 610 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2014 ин нишондиҳанда ба 5 ҳазору 892 сомонӣ (1 ҳазору 217 $) барбар шуда буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳанди соли 2013 ба миқдори 12,9% зиёд гардида буд.
Дар Вазорати рушди иқтисод интизорӣ доранд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми ММД кишвар ба 55 млрд. 530 млн. сомонӣ расида, суръати рушд дар нархҳои қиёспазир 7,6%-ро ташкил хоҳад дод. Соли 2014 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 45,6 млрд. сомониро ташкил дода, дар нархҳои қиёспазир нисбат ба соли 2013 ба андозаи 6,7% афзуда буд.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ коҳиши афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд.
Чанде қабл Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯиҳои нави рушди иқтисоди ҷаҳон дар солҳои 2015 ва 2016-ро интишор намуд. Дар гузориши нави ХБА таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон» дар ин робита зикр мегардад, ки рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон аз 6,7% дар соли 2014 то ба 3% дар соли 2015 поин рафта, соли 2016 - 4,1%-ро ташкил хоҳад дод.
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд , ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад. Коршиносони БҶ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва нишондиҳандаҳои паст дар содироти маҳсулоти асосӣ мансуб медонанд.
Коршиносони Бонки осиёгии рушд (БОР) чунин мешуморанд , ки гуногун сохтани навъҳои иқтисод (диверсификатсия) ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ асоси пешгирии омилҳои таъсири манфии беруна ба иқтисоди Тоҷикистон аст.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) пешгӯи кард , ки коҳиши суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015-ро аз 6,7% дар соли 2014 то ба 4,4% дар соли равон поин меравад.
Мавриди қайд аст, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 8 млрд. 310 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,4 млрд. $)-ро ташкил дод, ки рушди воқеъӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,7 % (аз 7 то 5,3%) камтар аст.
Дар маълумоти нимаи моҳи апрели соли равон интишоршудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита зикр гардида буд , ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил намуд.
Ҳамчунин бино ба маълумоти БМТ, суръати рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2014 дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 0,7% коҳиш ёфт. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2014 ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил дод.
«Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт», - зикр гардида буд дар маълумоти БМТ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста