Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи муайян кардани арзиши содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими тобистони соли равон ба мувофиқа нарасиданд.
Роҳбари хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни гуфтушунидҳо миёни ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар, ки ҳамин моҳ дар Душанбе баргузор шудааст, Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намудааст.
Аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморида, изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.
Чунин пешниҳоди Қирғизистнро дар ширкати «Барқи тоҷик» қобили қабул намедонанд, зеро ин арзиш ҳатто хароҷоти худи ширкатро пӯшонида наметавонад.
Ҳамин тариқ, айни замон Қирғизистон бо назардошти имконоти худ пешниҳоди Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, сипас миёни ҷонибҳо давраи минбаъдаи гуфтушунидҳо дар ин хусус дар назар аст.
Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсими тобистони соли гузашта аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат 226,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, аз моҳи июни соли гузашта арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 12,6 дирам (бо қурби ҳозира беш аз 2 сент) муқаррар шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста