Маҷлиси навбатии умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ба рӯзномаи маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҷамъият баррасии 9 масъала, аз ҷумла ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2014, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои солҳои 2013-2014 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2014 ворид карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси умумии солонаи саҳҳомон ҳамчунин масъалаҳои зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ мешаванд.

Дар ҷараёни маҷлис интихоби аъзои Шӯрои нозирон, аъзои Комиссияи тафтишотӣ, интихоби аъзои Комиссияи баҳисобгирии Ҷамъият ва Тасдиқи аудитори ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2015 ва пардохти подошпулии он дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 28-уми июни соли гузашта баргузор гардид.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Шумори мушаххаси саҳҳмони ҶСК «НБО Роғун» алҳол ифшо намешавад.

Маъракаи фурӯши кушоди саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» баъди он оғоз гардид, ки Тоҷикистон барои маблағгузории идомаи сохтмони он сармоягузор пайдо накард. Маблағи умуми сармоягузорӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ - 2,2 млрд. доллари ИМА ва навбати аввали он - 590 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи Роғун аз соли 2009 чандин маротиба ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуд ва имрӯз ҳам маълум нест, ки кай сохтмони иншоот оғоз мегардад. Дар сурати амалисозии лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Роғун» - 3600 МВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи он - 13,1 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод