Қирғизистон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки дар Маскав гузашт, расман шомили ин иттиҳод шуд.
Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , Нурсултон Назарбоев - раисиҷумҳури Қазоқистон ва яке аз кишварҳои "муассис"-и ин иттиҳод дар ин робита гуфтааст, "тамоми мушкиле, ки то ҳоло буд, ҳалли худро ёфт ва мо санади шомил шудани Қирғизистонро қабул кардем."
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳам изҳори бовар кард, "Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба нафъи мардуми кишварҳои узв хидмат хоҳад намуд." Қирғизистон санади узвиятро 23 декабри соли гузашта имзо кард ва панҷ моҳ мӯҳлат дошт, ки марзу посгоҳҳои гумрукии худро муҷаҳҳаз гардонад.
Русия низ барои кумак ба узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё 200 миллион доллар дод, то чаҳор гумруки марзии худро навсозӣ ва бо кишварҳои дигар рақобат кунад. Ҳоло санади шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё бояд аз сӯи парлумонҳои ҳамаи кишварҳои узв ба тасвиб расад.
Моҳи майи соли 2014 Русия, Беларус ва Қазоқистон санадеро дар бораи таъсиси Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё имзо гузоштанд, ки якуми январи соли ҷорӣ ба иҷро даромад ва танҳо баъд аз як рӯзаш Арманистон ҳам ба ин иттиҳод пайваст. Ҳоло бо шомил шудани Қирғизистон аъзои ин иттиҳод ба 5 расид.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста