Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо мудири дафтарҳои кории байнулмилалии Палатаи савдо ва санати Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) Абдул Азиз Хон, роҳбари намояндагии ПСС Дубай дар Озарбойҷон Санан Насибли ва мутахассис оид ба маводи ғизойии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (мунитсипалитет) Марям Бешварӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, роҳандозии содироти маҳсулоти кишоварзии аз нигоҳи экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Дубай табодули назар намуда, ҳамчунин маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳо миёни палатаҳо, аз ҷумла ташкили намоишгоҳу ярмарка ва ҳамоишҳои тиҷоратии муштарак барои фаъолсозии шарикии тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми муомилоти мол баррасӣ шуданд.

Абдул Азиз Хон манфиатдории зиёди истеъмолгарони Аморати Муттаҳидаи Араб ба содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Дубайро изҳор намуда, зарурати рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии дуҷонибаро мувофиқи мақсад донист.