Сарфи назар аз супориши вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбонов дар мавриди «иҷрои саривақтӣ ва хушсифати Буҷети давлатӣ», давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ба буҷет тақрибан 160 млн. сомонӣ камтар аз нақшаи пешбинишуда маблағ ворид гардид.

Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли равон 3 млрд. 948 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 96%-и нақша баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 2 млрд. 814,6 млн. сомониро ташкил дод, ки ба 95,6%-и нақша баробар аст.

Қобили зикр аст, ки дар   гузориши   Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) дар «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон» дар моҳи апрел тавсия дода мешавад, ки бо назардошти воқеъияти ҳозира нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон бояд мавриди бозбинӣ қарор гиранд.

«Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 бо эҳтимоли рушди назарраси иқтисод ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 7,2% таҳия гардида, қурби мубодилаи сомонӣ бо доллари ИМА 5 сомонӣ барои 1 доллар пешбинӣ шуда буд. Имрӯз аён аст, ки ин нишондиҳандаҳои пешбинишуда ғайривоқеъӣ мебошанд: рушди иқтисод суст шуда, ахири моҳи апрел қурби мубодилаи сомонӣ/доллар аллакай ба 6,25 сомонӣ/1 доллар расид», - таъкид месозанд муаллифони гузориш.

Таҳлилгарони олмонӣ бар ин назаранд, ки дар чунин ҳолат иҷрои буҷет дар сатҳи қаблан пешбинишуда мушкилу душвор аст.

Олими бахши иқтисод, собиқ узви ҳукумат ва собиқ вакили парлумони ҷумҳурӣ Холмаҳмад Азимов дар ин робита ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки пешниҳодҳои GIZ дар бораи бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 комилан мантиқиву асосноканд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 10% бештар аст.

Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.