Олими маъруфи тоҷик ташаббуси ҳукуматдорони Қирғизистон оид ба фурӯши сабикаҳои тиллоӣ (золотые слитки) барои коҳиши сатҳи ба доллар вобаста будани иқтисод ва дастгирии арзи миллиро қобили қабул намешуморад.
«Дар Қирғизистон начандон оқилонаву пурсамар тасмим гирифтанд, ки барои иқтисод чизе намедиҳад. Ман ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тавсия медиҳам, ки аз ин иқдом ибрат нагиранд», - гуфт ба «Азия-Плюс» доктори улуми иқтисодӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Қаюмов.
Гузашта аз ин, профессор ба БМТ тавсия медиҳад, ки захираҳои тиллои худро биафзояд. «Ба андешаи ман, фурӯши тилло ба аҳолӣ ба сатҳи вобастагии ҷомеа ба доллар таъсир намерасонад ва ба як гунае пули миллиро дастгирӣ намекунад. Беҳтараш захираҳои тиллои давлатро мебояд зиёд кард, то ки зимни зарурат он барои эҳтиёҷоти рушди иқтисод харҷ карда шавад», - мутмаин аст олим.
Профессор бар ин назар аст, ки ҳама гуна давлати муътадил бояд захираҳои кофии тилло дошта бошад, чунки «тилло яке аз сарчашмаҳои боигарии кишвар аст».
Қаюмов мегӯяд, дар Тоҷикистон тиллоро «як гурӯҳи алоҳидаи мардум, яъне саарватмандон (олигархҳо) харида метавонанд». «Аксари аҳолӣ, ки танҳо бо маош зиндагӣ доранд, албатта чунин имкон надоранд», - иброз дошт вай.
Роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти иқтисодиро олим дар дигар чиз мебинад, ки фароҳам овардани муҳити муътадили сармоягузорӣ ва дар баробари ин аз байн бурдани коррупсия мебошад. «Агар дар кишвар коррупсия набошаду шароитҳои мусоид муҳайё бошанд, сармоягузорони ҳам ватаниву ҳам хориҷӣ бо дасту дили гарм ва хушнудӣ ба иқтисоди мо сармоягузорӣ мекунанд, ки ба рушди иқтисод боис мегардад», - афзуд профессор.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан иттилоъ дода будем, чанде аз коршиносон ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) худдорӣ варзидан аз воридоти маблағҳои пулӣ ба бозори асъори кишварро дар робита ба ниҳоят маҳдуд будани захираҳои байнулмилалии он тавсия медиҳанд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки ҳукуматдорони Қирғизистон дар бораи фурӯши озоди сабикаҳои тиллоии бонкӣ ба аҳолӣ қарор қабул карданд . Раҳбарияти Бонки миллии ин кишвар чунин амалро ба кӯшиши коҳиши сатҳи вобастагии иқтисод ба доллар ва дастгирии арзи миллӣ рабт доданд.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста