Дар мулоқоти муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев бо ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) таҳти роҳбарии Умар Абдулазизхон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.

Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар шарҳи ин хабар менависад, зимни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону АМА оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ғайра табодули назари судманд сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 40 дарсад камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, Аморати Муттаҳидаи Араб соли ҷорӣ яке аз кишварҳои асосии воридкунандаи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон аст. Дар зарфи 4 моҳи соли равон аз АМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 600 ҳазор доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардидааст.