Дар посух ба саволҳои сармуҳаррири оҷонсии иттилоотии TojNews Абдуазими Абдуваҳҳоб Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тибқи маълумоти фаврии оморӣ, дар моҳи апрели соли 2015 ҳаҷми умумии интиқолҳои маблағҳои пулии ба ҷумҳурӣ воридшуда 201,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба моҳи марти соли равон 23,6 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта мешавад,  давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ҳаҷми интиқолҳои пулии ба ҷумҳурӣ воридшуда 615,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,1 фоиз кам аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаи мазкур 934,2 млн.доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Зимнан зикр мегардад, ки коҳиш ёфтани воридоти интиқолҳои маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар ин давра асосан бо сабаби ба буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудани кишварҳои шарики иқтисодии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои пулии дар ин давра интиқолёфта 79,1 фоизро рубли Русия, 19,8 фоизро доллари ИМА ва 1,1 фоизро Евро ташкил додааст.