Ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) давоми 4 моҳи соли равон ба миқдори зиёда аз 20 млн. доллари ИМА афзуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, ба ҳолати 30 апрели соли 2015 ҳаҷми захираҳои тиллоию асъории Бонки миллии Тоҷикистон беш аз 3 млрд 151 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин ба 503,52 млн. долл. ИМА баробар аст.
Гуфта мешавад, аз он ҷумла, 2 млрд. 183,72 млн. сомониро тиллои монетарӣ ва 967,32 млн. сомониро асъори хориҷӣ ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки аввали соли равон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе раҳбарияти БМТ изҳор дошта буд, ки ҳаҷми захираҳои байнулмилалии бонк дар ифодаи пулӣ бо шумули захираҳои асъори байнулмилалӣ, коғазҳои қиматнок ва ҳамчунин тиллои монетарӣ бо вазни 11 тонна ҳудуди 481 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




“Амонатбонк” кортҳояшро аз нав ба қайд мегирад. Муҳлати сабтином то кай аст ва далели он чист?
Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани кори почта бо як ширкати хусусӣ $5 млн созишнома бастааст
Нигаронии Рамазон Раҳимзода: Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд
Як додраси собиқ барои гирифтани пора чор сол равонаи зиндон шуд
Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт
Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33
“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод
Оғози қабули имтиҳонҳои EPS-TOPIK дар Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста