Дар Тоҷикистон фаъолияти 355 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор (саррофиҳо)-и мутааллиқ ба шахсони воқеъӣ, ки бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қатъ шуда буд, дубора барқарор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ба санаи 15 майи соли равон 355 адади онҳо ҳамчун муассисаи ташкилотҳои қарзӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро оғоз намуданд.
Гуфта мешавад, нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ то санаи 1 июли соли ҷорӣ метавонанд ба сохтори ташкилотҳои қарзӣ гузаранд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон назорати ҳамарӯзаи бозори нақди асъор ва ҳолати талаботи истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилоти дохилӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори БМТ, аз 17 апрели соли равон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ (хусусӣ) дар Тоҷикистон боздошта шуд. Манъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусиро он замон дар БМТ чунин шарҳ дода буданд, ки «ин иқдом ба хотири таъмини устувории бозори дохилии асъори кишвар ва устувории қурби арзи миллӣ роҳандозӣ мешавад».
Тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда шуданд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Тибқи маълумоти БМТ, ба санаи 1 апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 1 ҳазору 581 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор фаъолият доштанд, ки 818 адади он ба шахсони воқеӣ (хусусӣ) ва 763 адади он ба ташкилотҳои гуногуни қарзӣ тааллуқ доштанд.
Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки тавассути ташкилотҳои қарзӣ назорати кори нуқтаҳои мубодилаи асъор осонтар хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, собиқ моликони дӯконҳои саррофии хусусӣ ба аз ҷониби БМТ устувор гардонидани қурби асъор тариқи боздошти фаъолияти онҳо сахт шубҳа доранд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), қурбҳои миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА имрӯз, 19 май дар ҷумҳурӣ 6,52-6,54 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Аз оғози соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон қариб ба андозаи 20% поин рафт.
Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, ба санаи 1 январи соли равон қурбҳои миёнаи доллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба 5,46 - 5,48 сомонӣ баробар буданд.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста