Дар муқоиса бо моҳи март моҳи апрели соли равон ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон тақрибан ба андозаи 35% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон» бо такя ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи апрели соли равон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон дар ҳаҷми 43,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Моҳи марти соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ҳудуди 66,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот гардида буд.

Миқдори нерӯи барқи аз Тоҷикистон ба Афғонистон содиротшуда дар моҳи апрели соли ҷорӣ 3,5% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ин моҳ истеҳсолшуда дар кишварро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ба истеъмолгарони афғон аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ қариб 220 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи апрели соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 257 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи март 16% камтар аст.