- Тоҷикистон яккаву танҳо муддати ҳазор сол ҳам нерӯгоҳи Роғунро сохта наметавонад ва он пешгӯиҳо, ки барои амалисозии лоиҳаи чунин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ  беш аз 2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст, иштибоҳанд, - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» энергетики касбӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

Тибқи ҳисобу китоби ӯ, барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун айни замон ҳадди ақал 6 млрд. доллари ИМА зарур аст, зеро нархҳо ба масолеҳ ва таҷҳизоти ин соҳа тайи солҳои ахир бамаротиб боло рафтааст.

«Дар ҳолати мавҷуда Тоҷикистонро зарур аст, ки бо иштироки Русияву Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон консорсиуми минтақавӣ оид ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро таъсис бидиҳад ва дар ҳамин ҳол, 51%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ бояд дар ихтиёри ҳукумати кишвар нигоҳ дошта шавад», - қайд кард Шабдолов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки энергетикҳои касбии Ӯзбекистон аҳамияти нерӯгоҳи Роғун барои минтақаро дарк мекунанд ва дар суҳбатҳи алоҳида аз сохтмони он дастгирӣ мекунанд. Ғайр аз ин, бисёре аз энергетикҳои кишвари ҳамсоя аз манфиат холӣ набудани барқарор намудани низоми ягонаи минтақавии энергетикиро низ мефаҳманд.

«Агар Тоҷикистон имрӯз бидуни сиёсикунии масъала аҳамияти сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба Ӯзбекистон фаҳмонида тавонаду ӯро ба харидории саҳмияҳои нерӯгоҳ муътақид созад, кишвари ҳамсоя ба ҳуқуқи танзими истеҳсоли барқи нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин захираҳои обии лоиҳа ҳамчун саҳмдор соҳиб мешавад», - мегӯяд раиси ҲКТ.

Шабдолов мутмаин аст, ки дар сурати ба созиш расидани Тоҷикистону Ӯзбекистон сари масъалаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ба амалисозии лоиҳа Чин ҳам ҳамроҳ шуда метавонад, ки 5-6 млрд. доллари ИМа барои ин кишвар чандон мабалғи зиёде нест. Айни замон барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бо кишварҳои содиркунандаи газ дар Осиёи Марказӣ, Чин ба амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ҳамроҳ шуда наметавонад.

«Ба ҳеҷ ваҷҳ ба харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун «даррандагоне» чун Бонки ҷаҳониву Хазинаи байнулмилаии асъорро роҳ додан лоим нест, зеро онҳо бо Тоҷикистон ҳам метавонанд тибқи варианти украинӣ рафтор кунанд: онҳо бо қарзҳои худ аввал низоми энергетикии Украинаро ба муфлисӣ расонида, акнун онро бо нархи ночиз хариданианд», - афзуд Шабдолов.