Ба андозаи назаррас поинравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистонро коршиносон ба коҳиши талабот ба ин асъор мансуб медонанд.
«Аз нигоҳи истеҳсол ва истеъмол Тоҷикистон ба марҳилаи ҷамъоварии ҳосил ворид шуд: картошка ва сабзавоту меваи маҳаллӣ пухта расида, бо сомонӣ хариду фурӯш мешаванд. Барои харидории маҳсулоти кишоварзии покистониву чинӣ ва эронӣ асъор ба хориҷи кишвар бароварда намешавад ва ин марҳила то моҳи ноябр давом мекунад», - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршиноси масоили иқтисодӣ Сафар Нуралӣ ва қайд кард, ки «захираҳои орд ва воридоти устувори он аз Қазоқистону Русия низ ба вазъи муътадил дар бозори маҳсулоти ғизойӣ мусоидат мекунад».
Ғайр аз ин, иброз дошт ӯ дар идома, сарфи назар аз манъкуниҳои зиёдеву ҷоришавии маҳдудиятҳо, муҳоҷирони корӣ ба Русия мераванд ва ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ меафзояд. «Шояд ин омили асосии устуворӣ ва коҳиши қурби доллар дар ҷумҳурӣ бошад», - зикр кард С.Нуралӣ.
Ӯ таъкид дошт, ки «ба ин ҳолат ҳамчунин қурби устувор ва поинравандаи рубли русӣ» низ таъсир дорад ва хотирррасон намуд, ки «қисмати асосии интиқоли маблағҳои пулӣ бо рубли русӣ сурат мегирад».
Гузашта аз ин, таъкид кард коршинос, амалисозии тамоми лоиҳаҳои зербиноӣ дар Тоҷикистон бо шумули сармоягузории ваъдакардаи Чин дар ҳаҷми 6,3 млрд. доллари ИМА қатъ нашуда, идома доранд.
Ба андешаи С.Нуралӣ, «ба қоидаҳои бозӣ дар бозори асъори кишвар рӯйи кор омадани шахсони нав дар сохтори Бонки миллӣ низ таъсир расонд». «Умед мебандем, ки онҳо вақту имкони зарурӣ ёфта, давоми моҳҳои июн-декабр ба мушкилоти муваққатӣ дар ин самт дар фасли зимистон омода мешаванд. Онҳо аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор буда, дастгирӣ ҳам мешаванд», - афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари равандҳои иқтисодӣ Икром Мақсудов коҳиши қурби доллар дар кишварро ба таври оддӣ шарҳ медиҳад: «Талаботи шадид ба ин асъор кам шуд. Чаро қурби доллар босуръат боло рафт? Барои он ки ҳама ба ҳарос афтоданд. Акнун ҳароси аввал паси сар шуда, ҳама хотирҷамъ шуданд ва ба ивази долларҳо шурӯъ карданд. Мутаносибан ҷараёни тасҳеҳи қурб низ оғоз гардид».
Аммо коршинос бар ин назар аст, ки қурби доллари ИМА аз 6,40 сомонӣ (1$) поинтар намеравад. «Акнун қурби доллар оҳиста - оҳиста боло меравад. Шояд ахири тобистон он дар сатҳи 7,5 сомонӣ барои 1 $ қарор гирад», - афзуд коршинос.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ қариб 2,5% поин рафт.
Рӯзи 25 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ 6,40-6,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Ахири ҳафтаи гузашта дар лавҳаҳои саррофиҳо ин рақамҳо 6,52-6,54 сомонӣ дарҷ ёфта буданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста