Иқтисодчӣ Нозим Эшонқулов бар ин назар аст, ки яке аз сабабҳои то ба ин андоза коҳиш ёфтани қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон, мудохилаи Бонки миллӣ ба бозори асъор (маблағи пулӣ ворид кардан)-и кишвар буда метавонад.
«Шояд Бонки миллӣ ҷараёни ташкили шабакаи заруриро ба итмом расонида, ба фурӯши асъор шурӯъ карда бошад», - гуфт ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».
Мусоҳиб хотиррасон намуд, ки қаблан Бонки миллӣ аз фурӯши мустақими асъори миллӣ ба аҳолӣ даст кашида, изҳор карда буд, ки ин амалро тавассути бонкхои сатҳи дуюмдараҷа анҷом медиҳад.
Иқтисодчӣ зикр кард, ки барои ин нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳайати бонкҳо шомил карда шуданд, то ки «назорати қурб беҳтар гардида, мутаносибан захираҳо беҳуда харҷ нашаванд».
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки сабабҳои бунёдӣ барои таҳкими қурби сомониро ӯ мушоҳида намекунад.
Дар ҳамин ҳол, ба андозаи назаррас поинравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистонро бархе аз коршиносон ба коҳиши талабот ба ин асъор мансуб медонанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ қариб 2,5% поин рафт.
Рӯзи 25 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ 6,40-6,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Ахири ҳафтаи гузашта дар лавҳаҳои саррофиҳо ин рақамҳо 6,52-6,54 сомонӣ дарҷ ёфта буданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста