Дар пойтахти Тоҷикистон тамоили беқурбшавии доллари ИМА нисбати сомонӣ идома дорад. Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ то 6,30-6,32 сомонӣ ва имрӯз, 27 май то ба 6,22-6,24 сомонӣ поин рафт.
Қобили зикр аст, ки раванди коҳиши қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта оғоз гардид. Рӯзи душанбеи ҳафтаи нав қурби доллари ИМА аз 6,52-6,54 сомонӣ то 6,40-6,42 сомонӣ коҳиш ёфт.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тамоили мазкурро ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби раҳбарияти нави бонк дар ҳамдастӣ бо дигар бонкҳои кишвар, кам шудани талабот ба асъори амрикоӣ ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ марбут медонанд.
«Бонки миллӣ ҳамроҳ бо ташкилотҳои қарзӣ дар бозори асъори кишвар фаъолона амал карда, равандаҳои ҷорӣ дар онро назорат мекунад. Вазъ рӯз то рӯз беҳтар мешавад ва айни замон талабот ба асъори хориҷӣ дар ҳаҷми пурра таъмин карда мешавад», - гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар Бонки миллӣ.
Дар идома манбаъ қайд кард, ки оғози мавсими ҷамъоварӣ ва фурӯши ҳосили нави маҳсулоти кишоварзӣ низ ба коҳиши талабот ба асъори хориҷӣ мусоидат мекунад. «Имрӯз дар бозорҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзии ватанӣ пайдо шуда, онро алҳол аз дигар кишварҳо ворид намекунанд, ки мутаносибан талабот ба як ҳаҷми муайяни асъор камтар мешавад, ки қаблан ба хориҷи кишвар ҷиҳати харидории маҳсулоти кишоварзӣ бароварда мешуд», - иброз дошт манбаъ.
Ғайр аз ин, таъкид доштанд дар БМТ, аз аввали моҳи апрел тамоили афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ азхориҷи кишвар оғоз гардид. Бино ба маълумоти манбаъ, дар муқоиса бо моҳи март, моҳи апрели соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии зикршуда ба андозаи 13% афзуда, ин тамоил моҳи ҷорӣ низ идома меёбад.
Дар ҳамин ҳол, дар БМТ дахолати худ ба бозори асъор тариқи ворид кардани маблағ ба онро қотеъона рад мекунанд. «Аз 13 март Бонки миллӣ ба бевосита ворид намудани асъор ба бозори нақдӣ (интервенсия) хотима бахшид ва аз ҳамон рӯз дигар дар ин бозор чунин амалиётҳо намегузаронад», - таъкид доштанд дар БМТ.
Дар ин робита чанде аз коршиносони бахши молияву иқтисоди кишвар низ ба хабаргузории «Азия-Плюс» фикру андешаҳои худро изҳор намуданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста