Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумот медиҳад, ки давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ раванди пастравиро касб кард.

Тибқи маълумоти танзимгар, тадриҷан дар санаи 28 майи соли 2015 ба ҳисоби миёна арзиши хариди доллари амрикоӣ то 6,1700 сомонӣ ва фурӯшаш то 6,1900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст фаромад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон, дар ин рӯз қурби расмӣ 6,2685 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ва қурби муқарраркардаи БМТ барои нуқтаҳои мубодилаи асъор то 6,52 сомонӣ харид ва то 6,54 сомонӣ фурӯш барои 1 доллари ИМА баробар буда, аз бетағйиру доимӣ ва пай дар пай боқӣ мондани сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи май шаҳодат медиҳад.

Дар Бонки миллӣ сабабҳои паст шудани қурби доллари ИМА-и нақдиро аз як тараф ба зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда марбут медонанд.

«Аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот, зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард», - омадааст дар маълумоти танзимгар.

Яке аз омилаи дигари коҳиши талабот ба асъори нақди хориҷиро дар БМТ ба фароҳам овардани шароиту имконияти бо сомонӣ пардохт кардани қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзии бо асъори хориҷӣ гирифтаи шахсони воқеъӣ нисбат медиҳанд.

Дар Бонки миллӣ бовар доранд, ки ҳамаи ин омилҳо барои ба эътидол омадани қурби сомонӣ ва барқарор гаштани суботу муназзамии фаъолияти бозори нақдии асъор мусоидат намуда, минбаъд низ ҳамин сиёсати қурбӣ пайгирона амалӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ, дар ин давра каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1210-0,1230 сомонӣ барои як рубли русӣ ва ба 6,8990-6,9350 сомонӣ барои як евро баробар шуданд.