- Қирғизистон ҳамин моҳ ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон шурӯъ карданист, - иттлоъ медиҳанд ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба Агентии давлатӣ оид ба танзими фаъолияти комплекси сӯзишворӣ-энергетикии назди ҳукумати ин кишвар.
Дар маълумот қайд мешавад, ки «дар робита ба камбуди барқ дар соли 2015, идомаи воридоти он аз Қазоқистону Тоҷикистон дар назар буда, моҳи апрел воридоти барқ аз Қазоқистон дар ҳаҷми 400,69 млн. кВт/соат ба итмом расид ва аз моҳи июн то сентябр харидории 225 млн. кВт/соат барқ аз Тоҷикистон пешбинӣ шудааст».
Дар ҳамин ҳол, дар вазорату идораҳои бахши энергетикаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» маълумот дар бораи оғози содироти нерӯи барқ ба Қирғизистонро тасдиқ накарданд. «Оид ба содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон алҳол ҳеҷ як қарордоди мушаххасе ба имзо нарасидааст», - гуфт як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ширкати «Барқи тоҷик».
Ба гуфтаи манбаъ, моҳи апрел ва май ду марҳилаи гуфтушунид оид ба ин масъала доир гардида, ҷонибҳои сари арзиши барқи содиршаванда ба мувофиқа расида натавонистанд. «Дар гуфтушуниди ахир мо ба онҳо бо назардошти ҳамаи хароҷот тарифи имконпазири худро пешниҳрод кардем ва онҳо гуфтанд, ки пешниҳоди моро меомӯзанд, вале то ҳол аз ҳамтоҳои қирғиз посухе нагирифтаем», - афзуд манбаъ.
Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд , ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидааанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.
Чунин пешниҳоди Қирғизистнро дар ширкати «Барқи тоҷик» қобили қабул намедонанд, зеро ин арзиш ҳатто хароҷоти худи ширкатро пӯшонида наметавонад.
Дар ҳамин ҳол, масъалаи содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя метавонад зимни сафари расмии нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба Душанбе, ки ба санаи 8 июни соли ҷорӣ таъин шудааст, ҳаллу фасл шавад, зеро дар мулоқоти ҷонибҳо баррасии ин масъала низ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсими тобистони соли гузашта аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат 226,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардида буд. Аз нимаи соли 2014 арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 12,6 дирам (бо қурби ҳозира беш аз 2 сент) муқаррар шудааст.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Қирғизистон аз Қазоқистон нерӯи барқро бо арзиши 5,7 сент барои 1 киловатт харидорӣ мекунад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста