Рӯзи 21 июн ҳайати тоҷирон ва намояндагони корхонаҳои бузурги Беларус ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ин робита хабар медиҳад, ҳайат аз намояндагони корхонаҳои истеҳсоли техникаи автомобилӣ, мебел, дорувории тиббӣ, маҳсулоти ғизойӣ барои кӯдакон, маҳсулоту лавозимот барои варзишгарон, молу воситаҳои ороишӣ ва воситахои техникаи маишӣ иборат хоҳад буд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз сафар густариши бозорҳои фурӯши маҳсулоти корхонахои Беларус, дарёфти шарикони нави корӣ, роҳандозии шаклҳои гуногуни ҳамкории барои тарафайн судманд аст.
Гуфта мешавад, сафари ҳайати Беларус бо талошҳои муштараки сафорати Беларус дар Тоҷикистон, ПСС ҶТ ва шуъбаи ПСС Беларус дар Могилёв ташкил мешавад ва дар доираи сафар дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе биржаи робита ва ҳамкории доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Беларус барпо мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки сафари ҳайати тоҷирони Беларус ба Тоҷикистон то санаи 26 июн идома меёбад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста