- Пешниҳоди роҳбарони сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ - Норак ва Сангтӯда-1 Юрий Севенард ва Александр Рябикин бобати дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (90-11 июни соли 2015, ш.Душанбе) таваҷҷуҳ зоҳир намудани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар кӯли Сарез бо истифода аз ҷойи бандкардаи кӯҳпораи Усой ба сифати сарбанди табиӣ хеле оқилона буда, ба таъмини бехатарии беш аз 10 млн. нафар аҳолии Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон аз рахнашавии кӯли Сарез нигаронида шудааст, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз аввали солҳои 70-уми асри гузашта котибони якуми Кумитаҳои марказии Ҳизбҳои коммунисти Тоҷикистон – Ҷаббор Расулов, Ӯзбекистон – Шароф Рашидов ва Туркманистон – Муҳаммадназар Ғафуров оид ба масъалаи таъмини бехатарии кӯли Сарез бо мактуби махфӣ ба роҳбарони онвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ – котиби генералӣ Леонид Брежнев ва роҳбари Шӯрои вазирон Николай Косигин муроҷиат кардааанд.
«Дар он навишта зикр гардида буд, ки хатарнокии кӯли Сарез дар сарбанди бар асари афтиши кӯҳпора пайдошудаи он набуда, балки дар он аст, ки нисфи кӯҳпораи боқимонда дар натиҷаи заминларза метавонад ба кӯл лағжида, мавҷҳои пуриқтидори об дар кӯлро ба вуҷуд оварад», - қайд кард Шабдолов.
Дар идома ӯ изҳор намуд, ки роҳбарони онвақтаи се ҷумҳурӣ Маскавро аз он огоҳ карда буданд, ки мавҷҳои пуриқтидори бавуҷудомада метавонанд аз болои сарбанд ба самти водиҳо ҷорӣ шуда, дар роҳи худ тамоми чизро хароб созанд ва ба ҳалокати миллионҳо одамон аз кӯҳҳои Помир то баҳри Арал дар ҳарду соҳили Амударё боис гарданд.
«Он замон роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин робита дастур доданд, ки тавассути бунёди каналҳову дигар воситахои ҷоришавии об сатҳи оби кӯли Сарезро 30 метр поин фароранд, вале ин дастур иҷро нашуд», - гуфт раиси ҲКТ.
Шабдолов таъкид дошт, ки сарфи назар аз хеле гарон будани сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар кӯли Сарез, баҳри таъмини бехатарии миллионҳо одамон, нигаҳдории иқтисоди Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, имрӯз кишварҳои минтақа ва созмонҳои байнулмилалиро мебояд барои амалисозии чунин лоиҳа муттаҳид шаванд.
Тавре қаблан бо истинод ба РИА Новости иттилоъ дода будем , дар доираи сафар ба Тоҷикистон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун рӯзи 9 июн аз кӯли Сарез низ боздид мекунад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста