Зимни суханронии имрӯза дар Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар Душанбе нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев изҳор намуд, ки кишвари ӯ ва Тоҷикистон ба зиёни худ барои захираҳои обиашон, ки ба кишварҳои поёноб медиҳанд, ҷуброн намегиранд.
Ба гуфтаи ӯ, Конвенсияҳои СММ ҳамеша аз ҷониби кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи сиёсӣ ба нафъи худашон шарҳ дода мешаванд.
«Дар мавсими зимистон Қирғизистон аз ҳисоби ҷорӣ кардани маҳдудияти истифолаи нерӯи барқ ба аҳолии кишвар, барои эҳтиёҷоти мавсими тобистони кишоварзони кишварҳои поёноб дар нерӯгоҳи Токтогул обро захира мекунад, вале дар ивазаш чизе намегирад», - иброз дошт нахуствазири кишвари ҳамсоя.
Сариев таъкид дошт, ки созишномаи баимзорасида миёни Қирғизистону Қазоқистон дар бораи истифодаи муштараки дарёҳои фаромарзӣ метавонад ба сифати як модули ҳамкориҳои кишварҳои минтақа хизмат кунад.
«Созишномаи зикршуда манфиатҳои ҳам Қирғизистону ҳам Қазоқистонро ба инобат мегирад», - афзуд нахуствазири Қирғизистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста